Теъдоди қурбониёни бар асари сел дар Боливия ба 39 нафар расид

    Теъдоди қурбониёни обхезии шадид бар асари боришоти шадид дар Боливия ба 39 нафар расид ва ҳафт нафари дигар бедарак шуданд.

    Дар ин бора хабаргузории Синхуа бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.

    Гуфта мешавад, аз офати табиие, ки аз охирҳои моҳи ноябри соли гузашта дар кишвар идома дорад, беш аз 161 ҳазор хонавода осеб дидааст.

    Муовини вазири мудофиаи шаҳрвандӣ Хуан Карлос Калвимонтес ҳушдор дод, ки новобаста аз гузаронидани амалиёти фаъолонаи наҷотдиҳӣ тавассути ҳаво, замин ва об, шумораи қурбониён метавонад афзоиш ёбад, зеро боришот идома доранд.

    Дар кишвар аллакай 34 мунитсипалитет, асосан дар департаменти Ла-Пас, ҳолати фавқулода эълон кардаанд. Хадамоти миллии обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки хатари обхезӣ то 14 март вуҷуд дорад.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates