Дар ин бора хабаргузории PTI хабар додааст.
"Ҳоло теъдоди қурбониён 23 нафарро ташкил медиҳад", гуфт намояндаи Идораи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ ба агентӣ. Дар миёни фавтидагон кӯдакон низ ҳастанд.
Бино ба ҳисоби мақомоти маҳаллӣ, боришоти шадид боиси яке аз пурқувваттарин ярч дар даҳсолаи охир дар минтақа шудааст. Шиддати тӯфон ба бисёре аз деҳаҳо осеб расонида, роҳҳои асосиро бастааст. Дар ҷои ҳодиса хадамоти наҷот кор мекунанд. Чанд нафарро аз зери харобаҳо наҷот додаанд.
Мақомот эҳтимоли мавҷудияти гардишгаронро дар миёни қурбониён дар Дарҷилинг низ рад намекунанд. Ҳоло ҳазорон сайёҳон аз пойтахти иёлати Колката ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон барои ҷашнвораи Дурга-Пуҷа ба ин макони сайёҳӣ меоянд. Наҷотдиҳандагон барои бехатар интиқол додани сайёҳон аз минтақаҳои зарардида чораҳо меандешанд.
Ҳавошиносон боз аз хатари баланди ярч ва обхезӣ дар манотиқи кӯҳистонии Банголаи Ғарбӣ дар рӯзҳои наздик ҳушдор медиҳанд. Мақомот ба сокинон ва сайёҳон тавсия медиҳанд, ки аз сафар ба манотиқи осебдида худдорӣ кунанд ва чораҳои эҳтиётӣ андешанд, хабар медиҳад report.az.









