Қурбонии охирин як сарбози 20-солаи вилояти Сисакет буд, ки дар наздикии марзи Камбоҷа ҷойгир аст. Қаблан низомиёни Таиланд хабар дода буданд, ки 68 нафар ҷароҳат бардоштааст. Ҳамзамон, тибқи маълумоти низомиёни Таиланд, 61 нафар аз нерӯҳои Камбоҷа ҳалок шудаанд.

Дар марзи Таиланду Камбоҷа 7 декабр задухӯрдҳо бо силоҳҳои сабук оғоз шуданд. Артиши Подшоҳии Таиланд рӯзи душанбе хабар дод, ки нерӯҳои Камбоҷа субҳи барвақт мавқеъҳои Таиландро дар ҳудуди марзӣ тирборон кардаанд. Дар ҷавоб нерӯҳои ҳавоии Таиланд ба инфрасохтори низомии Камбоҷа ҳамла намудаанд.

Округи дувуми артиши Таиланд маълум кард, ки Камбоҷа рӯзҳои душанбе ва сешанбе ба ҳудуди Таиланд мушакҳои БМ-21 партоба кардааст ва аз дронҳои камикадзе низ истифода бурдааст. Нерӯҳои Таиланд барои дифоъ аз минтақаҳои асосӣ ва расонидани зарар ба душман оташи ҷавобӣ кушодаанд, хабар медиҳад tass.ru.