«Шумораи ҳалокшудагон то 39 нафар афзуд», — омадааст дар хабар.
Ба маълумоти агентии Europa Press, бо истинод ба манбаъҳо дар Вазорати корҳои дохилии Испания, 152 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз онҳо 5 нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин ва 24 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ҳодиса тақрибан соати 19:40 ба вақти маҳаллӣ (21:40 ба вақти Маскав) рӯзи 18 январ дар маҳаллаи Адамус, вилояти Кордоба рух додааст. Қаторе, ки аз рӯи хатсайри Малага — Мадрид ҳаракат мекард, 317 мусофирро интиқол медод. Дар як лаҳза он ба роҳи ҳамсоя баромада, бо қаторе, ки аз Мадрид — Уэльва ҳаракат мекард, бархӯрд.
Вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте ин ҳодисаро ниҳоят ғайримуқаррарӣ номид. Ба гуфтаи ӯ, садама дар қитъае рух додааст, ки моҳи майи соли гузашта навсозӣ шуда буд, инчунин қатори аз роҳ баромада нисбатан нав буда, ба истеҳсолаш тақрибан чаҳор шудааст.
Дар ҷойи ҳодиса корҳои хадамоти изтирорӣ идома доранд, хабар медиҳад ria.ru.