Шумораи қурбониёни суқути бинои мактаб дар Индонезия ба 36 нафар расид

    Шумораи қурбониёни суқути бинои мактаб-интернат дар Индонезия ба 36 нафар расид. Бино ба гузориши хабаргузории Reuters, дар ин бора Ожонси мубориза бо офатҳои табиии кишвар рӯзи якшанбе хабар додааст.

    Бино ба маълумоти оҷонсӣ, ҷустуҷӯи ҷасади 27 донишомӯз, ки ҳафт рӯз боз бедарак шудаанд, идома дорад. Онҳо асосан наврасони аз 13 то 19 сола ҳастанд, ки зери харобаҳо мондаанд.

    Барои тоза кардани вайронаҳо аз кранҳо истифода шуда, корҳои ҷустуҷӯӣ ва барқарорсозӣ 60 дарсад иҷро шудаанд. Оҷонсӣ тасмим гирифтааст, ки ҷустуҷӯро рӯзи душанбе ба анҷом расонад.

    Қаблан хабар дода буданд, ки шумори қурбониён 14 нафар аст.

    30 сентябр дар шаҳри Сидоарҷои Индонезия фурӯ рехтани бинои мактаб-интернат ва бар асари он ҷароҳат бардоштани тақрибан 100 нафар маълум шуда буд, хабар медиҳад report.az.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates