Пештар Телевизиони марказии Чин дар бораи 95 қурбониён ва 130 ҷароҳатбардоштагон хабар дода буд.
Фаъолияти сейсмикӣ ба хароб шудани бисёре аз биноҳои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохторӣ оварда расонд. Дар корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ зиёда аз 400 хизматчии ҳарбӣ иштирок доранд. Аз минтақаи офатзада одамон кӯчонида шуданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин дастур дод, ки барои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд, хабар медиҳад tass.ru.