"Задухӯрдҳо дар минтақаи Та Квай ва дар теппаи 350 сурат мегиранд. Ду сарбози мо дар натиҷаи задухӯрдҳо кушта шуданд", - гуфта мешавад дар изҳорот, ки натиҷаҳои 16 декабрро сарҳисоб мекунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки нерӯҳои Таиланд назорати маҷмааи қадимии маъбади Та Квайро дар вилояти Сурин ба даст овардаанд ва нерӯҳои Камбоҷаро аз ин минтақа берун кардаанд.
7 декабр задухӯрдҳо бо силоҳи оташфишон оғоз шуданд. 8 декабр Нерӯҳои хушкии Таиланд хабар доданд, ки нерӯҳои Камбоҷа ба мавқеъҳои минтақаи марзӣ тирпарронӣ кардаанд. Нерӯҳои ҳавоии Таиланд бо ҳамла ба инфрасохтори низомии Камбоҷа посух доданд. Камбоҷа дар давоми низоъ ягон талафоти ҷуброннопазирро гузориш надодааст, аммо тибқи маълумоти Таиланд, дар задухӯрдҳо беш аз 200 сарбози Камбоҷа кушта шудаанд. Вазири иттилооти Камбоҷа Нет Пхеактра пештар хабар дода буд, ки 15 сокини осоишта кушта шудаанд, хабар медиҳад report.az.








