Тавре ки Report менигорад, инро радиостансия SABC бо истинод ба ахбори охирини Марказҳои Африқо оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо - ташкилоти махсуси Иттиҳоди Африқо хабар додааст.
"Аз 1 январи соли 2024 дар Африқо 50 840 ҳолати бемории mpox сабт шудааст. Шумораи фавтҳо - 1 083. Дар муқоиса бо ҳамон давраи соли 2023, афзоиши шумораи беморони mpox дар қитъа 545 ададро ташкил дод", - омадааст дар паём.
Бар асоси маълумоти марказҳо, дар ҳафтаи гузашта дар Африқо 2 532 ҳолати нави бемории mpox ба қайд гирифта шуда, 32 нафар фавтиданд. Шумораи беморони нав дар Уганда афзоиш ёфтааст.