Тавре
Report бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар ин бора мақомоти ҶДК
иттилоъ додаанд.
Гуфта
мешавад, ки аз замони оғози хуруҷи штамми нодири вируси «Бундибугио» дар миёнаи
моҳи май, шумораи фавтидагон ба 3 ҳазору 398 нафар расидааст. Ҳоло 837 нафар
дар карантин қарор доранд ё таҳти табобат ҳастанд.
Ин
аллакай 17-умин эпидемияи Эбола дар ҶДК мебошад. Маркази он дар вилояти шимолу
шарқии Итурӣ ҷойгир аст. Вирус аллакай ба 7 вилояти ҶДК паҳн шудааст. Тибқи
маълумоти AFP, аз оғози соли нави таҳсил Эбола дар байни хонандагони мактабҳо
босуръат паҳн шуда, боиси афзоиши сарборӣ ба муассисаҳои тиббӣ шудааст.