Аъзои парлумони Эрон бо ҷойҳои ҷолиби диққати Бухоро шинос шуданд

    Чунон ки аз ин пеш хабар дода шуд, аъзои ҳайати вакилон бо сардории раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Бокир Калибоф бо сафари расмӣ дар мамлакати мо мебошанд.

    Дар рафти сафар аъзои ҳайати вакилон бо ҷойҳои ҷолиби диққати Бухоро, ки яке аз шаҳрҳои қадима ва зеботарини ҷаҳон, аз ёдгориҳои таърихию меъмории бой мебошад, шинос шуданд. Меҳмонон аввал аз маҷмӯи Баҳоуддини Нақшбанд дидан намуда, дар бораи таърихи маҷмӯъ маълумот гирифтанд.

    Ин объекти таърихӣ аз ҷиҳати меъморӣ беназир ҳисобида мешавад. Қисмати асосии маҷмӯъ дахмаҳо, мақбара, ду масҷид, обанбор, чоҳ, манора, мадраса ва хонаи Абдуллохонро дар бар мегирад. Баъдтар ба қатори он биноҳо, ба монанди утоқи даромадгохи гунбаздор, музей, чойхона дохил шуданд. Таърихи ба вуҷуд омадани ин маҷмӯъ дар байни меҳмонон мароқи калон ба амал овард.

    Баъд аз он аъзои ҳайати вакилон қалъаи Аркро тамошо карданд. Ин қалъа дар замонҳои қадим маркази шаҳри Бухоро ба ҳисоб мерафт. Он дар ибтидои эраи мо сохта шуда, дар асри XVI ба ансамбл табдил ёфт. Дар худи арк маҷмӯи калони иншоотҳои меъморӣ мавҷуд аст. Қисми шарқӣ ҳоло макони бостоншиносӣ мебошад. Аз қуллаи баланди болои он манзараи беназири Бухоро кушода мешавад.

    Дар рафти сохтмони он истифода бурдани услубҳои беназири меъморӣ ба меҳмонон таассуроти калон бахшид.

    Аъзои ҳайати вакилон инчунин маҷмӯъҳои «Пои калон», «Масҷиди калон», «Лаби Ҳавз»-ро тамошо карданд.

    Дар ин ҷо сафари ҳайати парлумонии Эрон ба анҷом расид, хабар медиҳад хадамоти иттилоотии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates