Вакилони парлумони Ӯзбекистон дар форуми Истанбул ширкат мекунанд

    22 июни соли 2022 дар Истанбул (Туркия) форум дар мавзӯи «Нақши занон дар парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар татбиқи нақшаҳои миллии мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез» ба кори худ оғоз кард.

    Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази СММ оид ба мубориза бо терроризми назди Раёсати СММ оид ба мубориза бо терроризм дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд.

    Дар ин ҳамоиш занони парлумони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва хадамоти амниятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доранд.

    Ҳадафи ин ҳамоиш тақвияти талошҳои занони порлумон дар Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез аст.

    Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои меъмории Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез, масъалаҳои гендерӣ дар раванди мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез, ҷалби занони роҳбар ва занони парлумон дар заминаи мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез баррасӣ гардиданд.

    Дар рафти кори форум намояндагони Олий Маҷлис ба корҳое, ки дар ҷумҳуриӣ оид ба таъмини баробарии гендерӣ, васеъ гардондани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон ва духтарон, дастгири ҳамаҷонибаи ҷавонон амалӣ гардонда мешаванд, эътибори алоҳида доданд.

    Ба ғайр аз ин, таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди аз минтақаҳои амалиёти ҷангии Шарқи Назик ва Афғонистон ба Ватан баргардондани шаҳрвандони худ ва реабилитатсияи онҳо, хусусан занон ва бачаҳо алоҳида қайд гардид, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates