Ин сектори иқтисодиёт дар таъмини некӯаҳволии оила ва амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад. 30 фоизи хароҷоти ҳаррӯзаи истеъмолии аҳолӣ ба гӯшт, шир ва тухм харҷ мегардад.
Дар се соли охир дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии оид ба чорводорӣ қабулшуда ҷудо намудани 8 намуди кумакпулӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра барои чорводорӣ зиёда аз 15 триллион сӯм карз ҷудо гардида, қариб 4,5 ҳазор лоиҳа ба амал бароварда шуд. Саршумори хоҷагиҳои зотпарварӣ се баробар афзуда, ба 1414 сар расид. Дар натиҷа саршумори чорво дар солҳои 2019-2021 ба 1 миллиону 200 ҳазор сар зиёд шуд.
Аммо чунин мушкилоти таъхирнопазири замони мо, ба мисли тағйирёбии иқлим, кам шудани захираҳои обу замин, инчунин пандемия раванди чорводориро душвор мегардонад.
Дар ҷамъомад кайд карда шуд, ки дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Навоӣ, Намангон ва Сурхондарё саршумори фермаҳои калони чорводорӣ назар ба дигар минтақаҳо хеле кам аст. 90 фоизи чорво дар хонаҳо парвариш карда мешавад ҳам, дар бисёр ноҳияҳо базаи мустаҳками хӯроки чорво вуҷуд надорад. Дар давоми 15 соли охир майдони замини хӯроки чорво аз 430 ҳазор ба 340 ҳазор гектар ва майдони зироатҳои хӯроки чорво ба ҳар cap чорвои калони шохдор аз 50 ба 27 гектар кам шуд. Дар Қароқалпоқистон, Хоразм, Бухоро, Навоӣ, Сурхондарё ва Қашқадарё майдони кишти такрории хӯроки чорво 23 ҳазор гектар кам шудааст.
Ба ин муносибат аҳамияти масъалаҳои дастгирӣ намудани чорводорӣ, зиёд кардани истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм аз ҳисоби васеъ ба кор бурдани технологияи сарфаи ресурс меафзояд.
Дар ҷамъомад вазъияти имрӯза ва имкониятҳои соҳа таҳлил карда шуд.
Сарвари давлат қайд кард, ки дар соли ҷорӣ имкон дорад камаш 300 ҳазор нафар дар соҳаи чорводорӣ, 150 ҳазор нафар дар соҳаи гӯсфанду бузпарварӣ, 1 миллиону 200 ҳазор нафар дар соҳаи кирмакпарварӣ, дар маҷмӯъ 1 миллиону 650 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.
Барои ин, пеш аз ҳама, бояд саршумори чорворо аз ҳисоби кооператсия дар хоҷагиҳо зиёд гардонд. Мамлакати мо дар ин бобат тачрибаи ибратбахш дорад. Инак, дар ноҳияи Миришкори вилояти Қашқадарё хоҷагии деҳқонии “Тошматов Нормӯъмин” ба сокинони деҳаи Вори чорвои калони шохдор ва гӯсфанду буз тақсим карда, ширу гӯшти тайёрро мехарад. Корхонаи «Тахиатош Чикенс»-и ноҳияи Тахиатоши Қароқалпоқистон аҳолиро бо мурғ таъмин намуда, аз онҳо тухми инкубатсиониро мехарад.
Президент татбиқи ин таҷрибаро дар дигар минтақаҳо муҳим арзёбӣ кард.
Бо ин мақсад як қатор тадбирҳои дастгирии молиявӣ муайян карда шудаанд. Ҳамин тариқ, аз моҳи феврали соли ҷорӣ маблағҳои қарзии хориҷӣ ба муҳлати 10 сол бо давраи имтиёзноки 3 сол ҷудо карда мешаванд, истеҳсолкунандагон метавонанд аз рӯи қарз дар ҳаҷми зиёда аз 14 фоиз ҷубронпулӣ, дар маблағи 50 фоизи маблағи қарз кафолат, инчунин 20 фоизи хароҷоти хариди таҷҳизот барои бо усули гидропоникӣ рӯёндани хӯроки чорво ҷубронпулӣ гиранд.
Сохаи дигари фоидаовар истеҳсол ва фуруши қолин, матоъ ва дигар маҳсулоти пашми сабук мебошад. Дар вохӯрӣ таҷрибаи Ангрен, ноҳияҳои Косон, Ромитан ва Навбаҳор мисол оварда шуд.
Муайян карда шуд, ки аз соли ҷорӣ барои хариди гӯсфанду бузҳои зотӣ, коркарди шир, гӯшту пашм, ташкили сехҳои хӯроки чорво қарзи имтиёзнок дода мешавад. Вомҳои мазкур ба аҳолӣ ба миқдори то 50 миллион сӯм ва бе таъминоти гарав бинобар тавсияҳои ёварони ҳокимон дода мешаванд. Нисфи пардохти фоизҳо ҷуброн карда мешавад.
Супориш дода шуд, ки дар асоси кооператсия ба аҳолӣ 350 ҳазор cap гӯсфанду буз дода, барои ин 100 миллион доллар ҷудо карда шавад.
Имсол дар соҳа татбиқи 123 лоиҳаи калон ба нақша гирифта шудааст. Сарвари давлат таъкид кард, ки дар баробари сари вақт ба кор андохтани лоиҳаҳо имкони иловагиро ҷустуҷӯ намуда, майдони кишти зироатҳои хӯроки чорворо васеъ кардан лозим аст.
Хусусан, дар ҳар як кластер бо роҳи ташкили киштгардон дар қитъаҳои алоҳида барои камаш 500 сар комплекси чорводорӣ ташкил кардан мумкин аст. Базаи хӯроки чорворо аз ҳисоби киштгардони заминҳои аз муомилот баровардашуда ва азхуд намудани заминҳои нав ҳам зиёд кардан мумкин аст.
Зимнан зикр гардид, ки барои дастгирии чунин лоиҳаҳо 120 миллион доллар қарз, инчунин субсидия, имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз ҷудо карда мешавад.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки соли равон аз институтҳои молии байналмилалӣ 500 миллион доллар дарёфт намуда, ин маблағро ба лоиҳаҳои рушди чорводорӣ равона кунанд.
Президент ба баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва беҳтар намудани зотпарварӣ диққати махсус дод. Донишкадаи байтории Самарқанд барои ба соҳа ҷорӣ намудани илм ва таҷрибаи пешқадам масъул аст. Акнун мақоми ин донишкада баланд шуда, ба ихтиёри он пажӯҳишгоҳҳои ветеринария, чорводорӣ, мурғпарварӣ, моҳипарварӣ, қароқулпарварӣ ва экологияи биёбон вобаста карда мешаванд. Муассиса бо дастгирии амалию методии кластерҳо, хизматрасонии пулакӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат барои аҳолӣ ва фермерҳо машғул хоҳад шуд.
Ба агентии «Чорванасл» супориш дода шуд, ки дар шароити ҳар ноҳия барномаи сесолаи бехтар намудани кори зотпарвариро тартиб диҳад.
Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ахбори роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо, фикру ақидаи соҳибкорон шунида шуданд.