Сарони давлатҳо дар консерти муштарак ширкат карданд

    Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамроҳи ҳамсаронашон дар консерти муштараки устодони санъати ду кишвар ширкат карданд.

    Халқҳои ӯзбек ва озарбойҷонро решаҳои муштараки таърихӣ, як дин, фарҳангу анъанаҳои якхела мепайвандад.

    Ба шарофати ирода ва ҷидду ҷаҳди сарони давлатҳо халқҳои мо боз ҳам бо ҳам наздиктар шуда, муносибатҳои байни давлатҳо ба дараҷаи иттифоқӣ расиданд.

    Чӣ дар Ӯзбекистон ва чӣ дар Озарбойҷон ба эҷодиёти ходимони маданияти ду мамлакат бо эҳтиром ва муҳаббати калон муносибат мекунанд. Бо қарорҳои президентҳо ба овозхонҳои афсонавӣ Фаррух Зокиров ва Пӯлад Булбул ӯғлӣ унвони фахрии Ҳунарпешаи халқӣ дода шуд.

    Консерти муштарак боз як таҷассуми ин дӯстии чандинасра, бо ҳам пайвастани анъана ва арзишҳои халқҳои ӯзбек ва озарбойҷон гардид.

    Дар суруду мусиқӣ дар иҷрои артистони боистеъдод сарват ва гуногунрангӣ, дар баробари ин, умумият ва ба худ хосии маданияти мо таҷассум ёфт.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates