Сарвари давлат бо рафти сохтмони IT-парк дар ноҳияи Мирзо Улуғбек шинос шуд

    Ҳукумат 11 Dekabr 2021 4119

    Президент Шавкат Мирзиёев 11 декабр ба парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ташриф овард.

    Ба бунёди ин маҷмӯи замонавӣ аз ҷониби Сарвари давлатамон 20 ноябри соли 2019 санги асос гузошта шуда буд. Дар рафти боздиди имрӯза шиносоӣ бо корҳои ба ҷо овардашуда ва корҳои иҷрошаванда ба вуқӯъ прайваст.

    Ҳоло 6 бинои идоравии баландиашон 20-25 ошёна комат рост кардааст. Сохтмони толори конфронс дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

    Умуман, дар ҳудуди маҷмӯъ 17 бинои дараҷаи ба зилзила тобовариашон баланд қомат рост мекунад.

    Дар парки технологӣ созмонҳои бо ҳам алоқаманди IT, донишгоҳ, толори конфронс ва маркази коворкинг фаъолият хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ инчунин манзилҳои хидматӣ, меҳмонхона, қаҳвахонаву тарабхонаҳо, мағозаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва иншооти фароғатӣ ҷойгир хоҳанд шуд. Таваққуфгоҳи зеризаминии сеошёна мавҷуд аст. Ба Президент дар бораи шароит ва дастовардҳои соҳа маълумот дода шуд.

    Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи фароҳам овардани имкониятҳои замонавӣ ва пурзўр намудани омодасозии мутахассисони варзида тайи 5 соли охир содироти соҳаи технологияҳои иттилоотии ватанӣ беш аз 50 баробар афзоиш ёфт.

    – Имрӯз аксари хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ пешниҳод карда мешаванд. Маҳз самарабахшӣ дар соҳаҳои дигар бо онҳо алоқаманд аст. Аз ин рӯ, имкониятҳои ин паркро васеъ намуда, ба маркази пешрафтаи IT табдил додан лозим аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Супориш дода шуд, ки Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо ва ташкилотҳои тобеи он ба ин ҷо оварда, бонк ва IT ширкатҳо ҷалб карда, парки технологӣ ба сифати маҷмӯӣ якҷоякардашуда ривоҷ дода, барои мутахассисони соҳа муҳити мусоид фароҳам оварда шавад.

    Сарвари давлат дар ин ҷо бо мутахассисон ва соҳибкорони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, инчунин бо раисони маҳаллаҳои ноҳияи Мирзо Улуғбек ва ёварони ҳокими ноҳия оид ба рушди соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ дар маҳалла суҳбат орост.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates