Сарвари давлат аз маҳаллаи шаҳри Хива дидан кард

    Ҳукумат 29 Fevral 2024 2328

    Президент Шавкат Мирзиёев дар рафти сафар ба вилояти Хоразм ба маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Хева ташриф оварда, бо шароити зиндагии аҳолӣ шинос шуд.

    Дар маҳалла қариб 3200 нафар одамон зиндагӣ мекунанд. 10 корхонаи истеҳсолӣ ва қариб 30 нуқтаи хизматгузорӣ, инчунин хоҷагиҳои фермерӣ фаъолият доранд. Сокинон асосан ба тиҷорат ва кишоварзӣ машғуланд.

    Чанде пеш бинои ҷамоати маҳалла аз таъмир бароварда, бо таҷҳизот пурра таъмин карда шуд. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабу муассисаҳои тиббӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд.

    Намояндагони маҳалла ба Президент аз ҳаёти одамон ва муваффақиятҳои ҷавонон нақл карданд. Ба кори доимӣ ва мавсимӣ бо кор таъмин намудани бекорон диққати махсус дода мешавад. Низоми муносибати индивидуалӣ ба шаҳрвандоне, ки ба феҳристи иҷтимоӣ дохил карда шудаанд, самаранок кор мекунад. Қайд карда шуд, ки дар шароити Хоразм амалияи барои кишоварзӣ ба бекорон додани замин аҳамияти калон дорад.

    Бо фармони Президенти Ӯзбекистон аз 21 декабри соли 2023 нақши маҳалла дар ҷомеа ва ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ ҳамчун звенои ибтидоӣ тақвият дода шуд. Дар маҳалла “ҳафтгона” таъсис дода шуд, ки иборат аз раиси маҳалла, ёрдамчии ҳоким, занон ва ҷавонони фаъол, нозири профилактикӣ, корманди андоз ва корманди иҷтимоӣ мебошад.

    Зимни вохӯрӣ бо «ҳафтгона»-и маҳаллаи Истиқлол аҳамияти кори муассир ва муттаҳидонаи маҳаллаҳо барои некуаҳволии мардум таъкид шуд. Зарурияти ба манфиати халқ истифода бурдани ваколатҳои ба онҳо додашуда қайд гардид.

    Таъкид гардид, ки ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва дастгирии соҳибкорон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи доимӣ дода шавад.

    Чун анъана сарвари давлат дар маҳаллаҳо ба хонаҳо ташриф меорад, ки ин ба муоширати наздику самимӣ бо мардум мусоидат мекунад.

    Президент ин дафъа аз хонаи Собирҷон Матҷонов дидан кард. Сарвари оила аз хоҷагии қишлоқ хуб хабардор аст. Аҳли оила дар қитъаи замини худ гармхонаи хурде бунёд намуда, тути заминӣ парвариш мекунанд. Онҳо инчунин парвариши моҳиро дар хона ташкил кардаанд. Паррандапарварӣ — бештар аз сад cap мурғ ва қариб ҳазор cap ҷӯҷа ба оила даромади иловагӣ меорад.

    Зимни суҳбат доир ба ҷалби аҳолӣ ба соҳибкорӣ ва ба ҷавонон омӯзонидани касбу кор сухан рафт, ки давлат омода аст барои онҳо тамоми шароитро фароҳам созад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates