Замини федералии Ҳессен дар маркази Олмон ҷойгир буда, аҳолиаш 6,39 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҳессен яке аз минтақаҳои пешсаф аз рӯи иқтидори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2024 Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии дохилӣ (ММД) 368,3 миллиард евроро ташкил дода, ба ҳисоби миёна 57,3 ҳазор евро ба ҳар сари аҳолӣ рост меояд. Соҳаҳои асосии саноат автомобилсозӣ, мошинсозӣ, кимиё ва электротехника мебошанд. Шаҳри Франкфурт назди Майна, ки дар ин минтақа ҷойгир аст, маркази молиявии Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар ҷараёни сафар вохӯриҳо бо роҳбарони як қатор муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои бузург баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо «DZ BANK» — бонке, ки ба гурӯҳи бонкҳои кооперативӣ хидмат мерасонад ва аз рӯи ҳаҷми дороиҳо дуюмин бонки бузурги Олмон — ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории корпоративӣ ва сармоягузории лоиҳаҳои саноатӣ, маблағгузории тиҷоратӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар формати B2B-ро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот бо гурӯҳи мустақили бонкии фаронсавию олмонии «ODDO BHF» имкониятҳои ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои минтақавӣ тавассути сармоягузории мустақим ва идоракунии дороиҳо, инчунин маблағгузории корхонаҳои ба содирот нигаронидашуда баррасӣ шуданд.
Бо «AKA Bank» — консорсиуми бонкҳо, ки ба қарздиҳии содиротӣ ихтисос ёфтааст, дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории дарозмуддат дар асоси кафолатҳои агентии қарзҳои содиротӣ (EКA) ба мувофиқа расиданд. Дар гуфтушунид бо «Helaba» (Landesbank Hessen-Thüringen) — бонки бузурги тиҷоратӣ дар Франкфурт — ҷонибҳо дурнамоҳои дастгирии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолиро тавассути қарзҳои синдикатӣ ва абзорҳои бозори сармоя муҳокима карданд.
Ҳайат ҳамчунин бо намояндагони «AMK Global GmbH», «Falk-Porsche-Technik GmbH», «Kessler Zoologiegroßhandel GmbH & Co. KG», «Weingut Koegler» ва намояндагони Ширкати сармоягузории Озарбойҷону Ӯзбекистон (АУИК) мулоқот анҷом дод. Лоиҳаҳо дар соҳаҳои коркарди партовҳо, истеҳсоли мавод ва таҷҳизоти саноатӣ, саноати хӯрокворӣ ва шаробсозӣ, инчунин истифодаи майдончаҳои муштараки сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд. Тайёр будани «AMK Global» барои кор дар лоиҳаи коркарди партовҳои маишӣ дар вилояти Тошканд таъкид шуд.
Ҳамчун самтҳои пешомадноки ҳамкорӣ, тавсеаи имкониятҳои зуд баромадан ба бозорҳои хориҷӣ бо роҳи сохтмони маркази муосири логистикӣ дараҷаи «A», таҳияи лоиҳаҳои муштарак оид ба рушди инфрасохтори кӯҳнавардӣ ва экотуризм, таъсиси барномаҳои омӯзиши ҷавонон дар асоси модели олмонии таҳсилоти касбии дуалӣ, таҷрибаомӯзӣ ва ҷалби онҳо ба кор муайян гардиданд.
Ҳайат фаъолияти кластерҳои шаробсозӣ, боғдорӣ ва чорводории Ҳессенро омӯхт ва дар бораи ҳамкорӣ дар корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, брендинг ва сертификатсия ба мувофиқа расид.
Ҷонибҳо дар бораи таъсиси гурӯҳҳои корӣ ва «харитаҳои роҳ» дар соҳа барои таъмин намудани иҷрои созишҳои бадастомада, муайян кардани нақшаҳои молиявию сармоягузорӣ ва роҳандозии муколамаи доимӣ бо бузургтарин шарикони бонкӣ ба мувофиқа расиданд.







