Ҳайати Ӯзбекистон дар нишасти БРИКС иштирок кард

    Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев 6–7 июли соли 2025 дар 17-умин нишасти БРИКС, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок намуд.

    Дар ин форуми бонуфуз ҳайатҳои 38 кишвари дунё ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

    Дар доираи нишаст масъалаҳое чун таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва маблағгузории он, тақвияти ҳамкорӣ дар таъмини сулҳу амният, рушди зеҳни сунъӣ ва ҳамгироии низоми тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар навбати худ, ҳайати Ӯзбекистон иштирокчиёни нишастро оид ба ислоҳоти васемиқёси ҷорӣ дар кишвар, аз ҷумла навсозии иқтисод, такмил додани низоми маориф ва тандурустӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, трансформатсияи рақамӣ ва рушди иқтисоди «сабз» маълумот дод.

    Дар натиҷаи нишаст эъломияе қабул гардид, ки мувофиқи он Ӯзбекистон шарики созмони БРИКС гардид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates