Ҳайати Ӯзбекистон дар Ироқ як қатор мулоқотҳо анҷом дод

    Ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷӣ Баҳромҷон Аълоев дар Бағдод бо вазири саноат ва сарватҳои маъдании Ироқ Холид Баттол ан-Наҷм, ҷонишини раиси Кумитаи сармоягузории назди Девони Вазирон Салар Муҳаммад Амин ва президенти Палатаи савдо ва саноат Омир Залаф Алавӣ мулоқот анҷом дод.

    Зимни гуфтушунидҳо масъалаҳои тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, диверсификатсияи доираи содирот, зиёд намудани интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ, чарм ва электротехникии Ӯзбекистон ба бозори Ироқ баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳои байни Палатаҳои савдою саноати ду кишвар, ҳамчунин таъсиси Шӯрои соҳибкоронро баррасӣ карданд.

    Дар доираи вохӯриҳо ҷадвали чорабиниҳои муштараки дарпешистода баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates