Ҳайати Ӯзбекистон бо ҳамсари Президенти Эрон мулоқот кард

    Муовини Сарвазири Ӯзбекистон Зулайхо Маҳкамова дар чаҳорчӯби ширкати худ дар нахустин конгресси байналмилалии занони бонуфуз дар Теҳрон (Эрон) бо ҳамсари Президенти Эрон Ҷамила Аламолҳода мулоқот кард.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рушди фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.

    Бонуи аввали Эрон меҳмонро пазироӣ карда, барои пазируфта шудани даъват барои узвият дар конгресси байналмилалӣ изҳори сипос кард. Таъкид шуд, ки ин чорабинӣ талошҳои занонро барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими нақши онҳо дар ҷомеа нигаронида шудаанд, муттаҳид месозад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ҷониби Ўзбекистон дар бораи ислоҳоте, ки сарвари давлатамон оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи занон ба амал мебарорад, тағйиротҳои муҳими соҳаҳои таълим, тандурустӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ва пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон, таъмини баробарии гендерӣ маълумот дод.

    Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз имконоти мавҷудаи ду кишвар ва зарфияти баланди рушди муносибот дар ин замина истифода кунанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates