"Дар ҳисоботи имсола саъю кӯшиши ҳукумати Ӯзбекистон оид ба пешгирии меҳнати маҷбурӣ дар ҷамъоварии пахта, зоҳиркунии вайронкунии қонунҳои манъи меҳнати маҷбурӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон эътироф карда мешавад", менависад сомонаи сафорати ИМА дар Ӯзбекистон.
Шаҳрвандон беш аз пеш ҳуқуқҳои худро оид ба рад кардани маҷбурсозӣ ва хабар додан дар бораи қонуншиканиҳо дарк менамоянд. Ин беҳбудиҳои муҳим дар қарори Департаменти давлатӣ дар бораи баланд бардоштани рейтинги Ӯзбекистон ниҳон аст.
Иёлоти Муттаҳида Ӯзбекистонро даъват менамояд, ки дар ин масъалаҳо минбаъд низ бо таъмин кардани мувофиқати таъқиботи ҷиноӣ барои вайрон кардани қонунгузории меҳнатии ӯҳдадориҳои байналмилалии Ӯзбекистон, аз ҷумла бо роҳи ҷазо додани ҳамаи ҳолатҳои меҳнати маҷбурӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардад.
"Мо инчунин Ҳукумати Ӯзбекистонро даъват менамоем, ки шаффофияти ба имзо расондани шартномаҳои байни кластерҳои пахта ва фермеронро барои пешгирии истисмор баланд бардорад, инчунин пурзӯр гардондани кӯшишҳо оид ба ҳифзи таъсиси иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилотҳое, ки оид ба шартномаҳои ҷамоавӣ гуфтушунид мекунанд, дастгирӣ менамоем", - гуфта мешавад дар хабари сафорат.