Тибқи фармон, фаъолияти Агентии таълими томактабӣ қатъ гардида, ташкилотҳое, ки ба сохтори ташкилии Агентӣ дохил буданд, ба тобеияти Вазорати маорифи томактабӣ ва мактабӣ дода шуданд.
Ба Вазорати маорифи томактабӣ ва мактабӣ вазифаҳои зерини иловагӣ гузошта шудаанд:
фароҳам овардани шароит барои инкишофи ҳаматарафаи зеҳнӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии бачагони синни томактабӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ;
ба раванди таълиму тарбияи томактабӣ ҷорӣ кардани технологияҳои муосири инноватсионии педагогӣ, шаклу усулҳои самараноки таълиму тарбия;
такмили нақшаву барномаҳо ва комплексҳои таълимию методии таълими томактабӣ, таъмини пайвастагии онҳо бо барномаҳои таълими умумии миёна;
таъмин кардани фарогирии зина ба зинаи кӯдакон бо таълими томактабӣ аз ҳисоби фароҳам овардани муҳити солими рақобат байни ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таълими томактабӣ.