Барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ тартиби бераводид ҷорӣ карда мешавад

    Фармони Президент "Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд содда гардондани тартиби ворид шудани шаҳрвандони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон" (ФП №190 аз 16.08.2022) қабул гардид.

    Мувофиқи фармон, аз 1 январи соли 2023 барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ба муҳлати 30 рӯз аз рӯзи ворид шудан ба ҳудуди Ӯзбекистон тартиби бераводид ҷорӣ карда мешавад.

    Дар баробари ин, онҳо бояд ҳангоми рафтан ба кишвари худ ё кишвари сеюм чиптаи ҳавопаймо пешниҳод кунанд.

    Рӯйхати кишварҳоеро, ки барои шаҳрвандони онҳо ба муддати 30 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ шудааст, метавон пурра дар ин пайванд пайдо кард, хабар медиҳад Вазорати адлия.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates