Дар толор барои роҳати мусофирон кабинаҳои алоҳидаи назорати шиносномавӣ, интиқоли зудтари бағоҷ, WI-FI-и ройгон, ҷои нишасти мулоим барои 75 ҷойи нишаст, нӯшокиҳои гарму хунук пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, дар толор дӯкони Duty Free вуҷуд дорад. Мусофирон аз самолёт ба СIP-толор бо автобусҳои махсуси қулай интиқол дода мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати «Uzbekistan Airports», арзиши убур аз CIP-толор барои мусофироне, ки ба Тошканд меоянд, 350 000 сӯм аст.









