Барои Тошканд зиёда аз 1000 автобусҳои нави замонавии "сабз" харид карда мешавад

    Нақлиёт 23 Dekabr 2021 1304

    Дар Ўзбекистон дар солҳои 2022-2025 нав кардани нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ ва харидани автобусҳои нави замонавии "сабз" ба нақша гирифта шудааст.

    Гуфта мешавад, ки таҷдиди низоми нақлиёт тадриҷан сурат хоҳад гирифт. Аз ҷумла, дар соли 2022 590 автобус харида мешавад:

    • 90 - зарфияташон калон (12 метр) MAN CNG;
    • 200 - гунҷоишашон миёна (8,5-9 метр) SAZ LE60;
    • 300 электробусҳо - зарфияташон калон (12 метр).

    Дар соли 2023 - 253 автобус:

    • 53 электробус - зарфияташон калон (18 метр);
    • 100 - зарфияташон калон (12 метр) MAN CNG;
    • 100 электробус - гунҷоишашон калон (12 метр).

    Дар солҳои 2024-2025 харидории 100 электробус (12 метр) дар назар аст.

    Қайд карда мешавад, ки барои хариди техникаи нав беш аз 3 триллион сӯм тақозо мегардад, хабар медиҳад "Uzreport".

    Харидҳо аз ҳисоби вомҳои Фонди таҷдид ва тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин маблағе, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо шудаанд ва сармоягузорони хусусӣ дар асоси шарикии давлатию хусусӣ пӯшонда мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates