Пас аз мулоқот дар Кохи Сафед, Мачадо, ки соли гузашта сазовори Ҷоизаи Нобел барои сулҳ гардида буд, ба рӯзноманигорон гуфт, ки барои «эътирофи садоқати нодири ӯ ба озодии мо» медали Нобелро ба Трамп «супурдааст». Дар изҳороти кӯтоҳ ӯ инчунин афзуд, ки мулоқот бо Президенти Амрико хуб гузаштааст ва ҷонибдоронаш метавонанд ба Трамп бовар кунанд.
Президенти ИМА Доналд Трамп Мария Корина Мачадоро барои «супурдани» Ҷоизаи Нобел барои сулҳ ситоиш кард. «Мария барои корам ба ман Ҷоизаи Нобел барои сулҳро супурд. Ин як ишораи аҷиби эҳтироми мутақобил буд. Ташаккур, Мария!», — навишт Доналд Трамп дар Truth Social.
Дар ҷараёни мулоқот котиби матбуотии Кохи Сафед Каролайн Ливитт изҳор дошт, ки Трамп бар он бовар аст, Мачадо дар муддати кӯтоҳ барои идора кардани кишвар дастгирии кофӣ надорад, хабар медиҳад kaktus.media.
Институти Нобели Норвегия, ки масъул барои супоридани ҷоизаи сулҳ аст, 9 январ аз ҷониби барандаи Ҷоизаи Нобел барои сулҳ ба шахси дигар супоридани ҷоизаро рад кард. «Пас аз эълони супоридани Ҷоизаи Нобел, онро бекор кардан, тақсим намудан ё ба шахси дигар гузаронидан мумкин нест. Қарор қатъӣ буда, барои ҳамеша эътибор дорад», — таъкид намуд институт.