Поездҳо байни пойтахтҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳафтае як маротиба ҳаракат хоҳанд кард.

Онҳо аз 10 вагон — хоб, чор купедор, вагон-тарабхона, чор вагони гуногуни дорои ҷойҳои нишаст иборатанд. Мусофирон аз Душанбе ба Тошкент дар зарфи 21 соат мерасанд.

Бинобар хабари ӮзА, ҳаракати нақлиёт дар аввалҳои солҳои 90-ум қатъ шуда буд.