Ширкати мисрии "Nile Sugar Company" ният дорад дар Ӯзбекистон шакар тавлид кунад

    Тиҷорат 2 Oktabr 2024 1617

    Дар вазорати сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ўзбекистон вазир Лазиз Қудратов бо директори генералии ширкати мисрии “Nile Sugar Company” Эмад Фарид мулоқот кард.

    Зимни суҳбат ҷонибҳо рафти татбиқи лоиҳаи ширкат оид ба парвариши лаблабуи қанд ва ба роҳ мондани истеҳсоли шакарро бо иқтидори солонаи 200 ҳазор тонна дар Ӯзбекистон муфассал баррасӣ намуданд.

    Намояндагони "Nile Sugar" ба шароитҳое, ки дар Ӯзбекистон барои фаъолияти сармоягузорӣ фароҳам оварда шудаанд, баҳои баланд доданд.

    Дар натиҷаи мулоқот барои тезонидани сохтмони лоиҳа бо истифода аз таҷриба ва технологияи Миср тадбирҳои иловагии муштарак таҳия карда шуданд.

    Барои маълумот: Ширкати мисрии "Nile Sugar", ки соли 2006 таъсис ёфтааст, як қисми холдинги Orascom Group мебошад. Бузургтарин истеҳсолкунандаи шакар дар Миср аст.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates