Корҳои дар соҳаи таъмини энергия иҷрошуда ва нақшаҳо барои оянда баррасӣ шуданд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 ноябр доир ба таъмини бефосилаи мардум ва соҳаҳои иқтисодиёт бо энергия, инчунин баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои соҳа ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар ин бобат дар ҷаласаи видеоселекторӣ, ки 10 июн баргузор гардид, вазифаҳои дахлдор муайян шуда буданд. Имрӯз масъулон дар бораи корҳои дар доираи иҷрои ин вазифаҳо анҷом додашуда ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳисобот доданд.

    Қайд гардид, ки газ мувофиқи талаботи афзояндаи мардум ва соҳаҳои иқтисодиёт интиқол дода мешавад. Дар натиҷаи таҷдиди соҳаҳо ва баланд бардоштани самаранокии энергия коҳиш ёфтани талафот ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар солҳои охир истеъмоли газ барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,6 маротиба кам шудааст.

    Ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Зарур аст, ки таъминоти устувори аҳолӣ бо энергия дар мавсими ҷорӣ ва солҳои оянда таъмин карда, захираҳои кофӣ барои ин фароҳам оварда шаванд.

    Дар ҷамъмад ин масъалаҳо дар қисмати соҳаҳо баррасӣ шуданд.

    Тибқи ҳисобҳо, дар мавсими зимистони имсола ба истеъмолгарон 21 миллиард метри мукааб газ интиқол дода мешавад. Агар ҳарорати ҳаво ба таври шадид паст шавад, талаботи мардум боз ҳам бештар мешавад. Масъулон нақшаи амалро дар чунин ҳолатҳо барои ҳар моҳ ва ҳар ноҳия таҳия намуданд.

    Барои таъмини бефосилаи муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳо захираи алоҳида пешбинӣ шудааст. Низоми таъмини нишонрас (мақсаднок)-и гази табиӣ ба неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои кимиёӣ ва металлургӣ, инчунин стансияҳои пуркунандаи газ ташкил карда шудааст.

    Қайд гардид, ки зарур аст, корҳоро дар соҳаи ҳисоби дақиқ ва назорати газ идома дода, талафотро боз ҳам бештар коҳиш диҳанд. Вазифа гузошта шуд, ки имкониятҳои барои сарфаи газ дар вилоятҳои Андиҷон, Навоӣ ва Тошканд, инчунин дар дигар минтақаҳо муайяншуда амалӣ карда шаванд.

    Сарвари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки корҳои марбут ба таъмини энергияро дар сатҳи ноҳияҳо ва маҳаллаҳо ташкил карда, масъалаҳои вобаста ба таъминоти энергия, ҳамоҳангсозии талабот ва истеъмол, пешгирии қатъ шудани таъминотро дар маҳалҳо ҳал кунанд.

    Дар ҷаласа инчунин равандҳои тағйирот дар соҳаи газ баррасӣ шуданд. Муайян гардид, ки корхонаҳои соҳавӣ ба бозори байналмилалии молиявӣ баромада, мустақилона барои таҷдид маблағ ҷалб мекунанд.

    Имкониятҳои бузургтарро дар таҷдид ва танзими шабакаҳои таъмини газ рақамикунонӣ ва шарикии давлатӣ-хусусӣ боз мекунад. Дар робита ба ин оид ба ҷалби операторони хусусӣ ба соҳа пешниҳодҳо баррасӣ шуданд.

    Президент дастур дод, ки арзиши истеҳсолот дар қисмати ҳар як соҳа ва корхонаҳо кам карда, хароҷотҳо оптималӣ гардонида, раванди трансформатсия суръат бахшида шавад. Инчунин, муҳимияти густариши корҳои иктишофи геологӣ ва ҷалби ширкатҳои пешбари хориҷӣ таъкид гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates