Ҳоло дар ҷазира корҳои барқарорсозии нерӯи барқ идома доранд. Сабаби қатъшавӣ то ҳол муайян нашудааст.
Дар моҳҳои охир дар Куба чандин маротиба қатъшавии барқ мушоҳида гардид. Бино ба иттилои CNN, мақомоти маҳаллӣ ин ҳолатро ба таҳримҳои иқтисодии ИМА марбут медонанд.
Пештар Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошта буд, ки агар Куба зери назорати Иёлоти Муттаҳида қарор гирад, “хуб мешуд”, хабар медиҳад lenta.ru.