Президенти кишварамон ба натиҷаҳои пурсамари вохӯрии баргузоршуда баҳои баланд дода, таъкид кард, ки он иродаи қатъии сиёсиро барои таҳкими шарикии стратегӣ ба манфиати мардумони се давлат равшан нишон дод.
Зикр гардид, ки дар рафти музокирот ба масъалаҳои рушди долонҳои транзитӣ, аз ҷумла ба истифодаи самараноки имкониятҳои бандарҳои Туркманбошӣ ва Боку, ташкили муштараки инфрасохтори муосири логистикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Нақшаҳои пайвастани хатсайрҳои амалкунанда ва ояндадор дар минтақа бо мақсади таҳкими ҳамгироии низомҳои миллии нақлиёт муфассал баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки Ӯзбекистон ҷонибдори гузаронидани сиёсати ҳамоҳангшуда дар ин самт мебошад.
Пеш аз ҳама, ин ба масъалаҳои сиёсати тарифӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳангоми баромад ба бозорҳои байналмилалӣ дахл дорад.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки дар самти лоиҳаҳои рушди инфрасохтори логистикӣ ва интиқоли паромӣ тавассути баҳри Хазар якҷоя кор бурда шавад.
Илова бар ин, имкониятҳои ҳамкории се кишвар дар соҳаи энергетика — оид ба истифодабарии конҳои карбогидрид ва содироти нерӯи барқ баррасӣ шуданд.
Дар рӯзномаи музокирот вазифаҳои зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол ва густариши ҳамкориҳои саноатӣ мавқеи марказиро ишғол намуданд.
Таъкид гардид, ки чораҳои ҳавасмандгардонии таҳвили мутақобилаи маҳсулоти босифати истеҳсолкунандагони миллӣ андешида мешаванд ва барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо ҷалби иқтидори минтақаҳои се кишвар шароит фароҳам оварда мешавад.
Сарварон дар бораи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва мубориза бо таҳдидҳои экологӣ низ мувофиқа карданд. Ғайр аз ин, барномаи муштарак дар соҳаи сайёҳӣ ва мубодилаҳои фарҳангӣ қабул мегардад.
Иҷрои қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои қабулшуда аз ҷониби вазирон дар асоси «харитаи роҳ» амалӣ карда мешавад.
Дар анҷом сарвари кишварамон махсус таъкид намуд, ки вохӯрии таърихии имрӯза ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни се кишвар мусоидат мекунад, ба таъсиси долонҳои устувори савдо, нақлиёт ва энергетика, инчунин ба суръат бахшидани раванди ҳамгироии минтақавӣ хизмат хоҳад кард.












