баннер
29 Mar 2025
23:17

    Таҷассуми ягонагӣ ва ҳамбастагӣ

    25 март дар тамоми минтақаҳои мамлакат маросими ифтор ташкил карда шуд. Президент Шавкат Мирзиёев дар ифторе, ки дар Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд.

    Дар аввали чорабинӣ роҳбари давлат бори дигар халқи Ӯзбекистон ва тамоми уммати исломро бо моҳи ҷории муқаддаси Рамазон табрик намуд.

    – Дар ин моҳи шариф мо якҷоя бо халқамон дар ин сарзамини пурнеъмат аз баргузор намудани маросими ифтор хушбахт ҳастем, ки барои ин аз марҳамати Офаридгор беҳад миннатдорем, – гуфт Президент.

    Ғояи «Барои қадри инсон, барои бахти инсон» дар сиёсати давлатӣ маҳаки асосӣ мегардад. Озодии виҷдон ва ҳуқуқи шаҳрвандон боварибахш ҳимоя мегардад, ки он хусусан дар моҳи муқаддаси Рамазон равшан зоҳир мегардад. Чунин хислатҳои нек мисли мусолиҳа, шафқат, таҳаммул, ахлоқи хуш, азм ба дониш ҳарчи бештар дар ҷамъиятамон таҳким меёбад.

    Эътибори алоҳида ба амиқ омухтани моҳияти инсонпарварии ислом, нигоҳдорӣ ва оммавӣ сохтани мероси ғании ниёгони бузургамон дода мешавад. Аз он ҷумла дар Тошканд сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ – лоиҳаи пурвусъати илмиву маърифатӣ, ки инъикосгари дастовардҳои ҷаҳони ислом дар соҳаи илм, таълим ва маданият мебошад, идома дорад. Ин марказ ҷавононро ба кушоишҳои нав илҳом мебахшад.

    Инчунин дар Самарқанд сохтмони маҷмӯаи Имом Бухорӣ – ҳадисшиноси бузург идома дорад. Дар қатори музей ва муассисаҳои илмӣ дар ин ҷо масҷид барои 10 ҳазор эътиқодманд бунёд мегардад. Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар ду объекти муҳташам аллакай дар соли ҷорӣ кушода мешаванд.

    Бинобар қарори Президент аз 14 марти соли ҷорӣ 1155-солагии Имом Мотурудӣ васеъ ҷашн мегардад. Мақбараи вай дар Самарқанд обод гардида, мероси илмӣ ва таълимии мотуридӣ якҷоя бо олимони хориҷӣ омухта мешаванд.

    Бо мақсади мустаҳкам намудани мусолиҳои байнимиллӣ ва байнидинӣ моҳи сентябр дар Тошканд ва Самарқанд Анҷумани байналхалқии «Гуфтугӯйи эъломияҳо» баргузор мегардад. Вай майдони нодире барои гуфтугӯйи байнидинӣ ва байнимаданӣ хоҳад гардид.

    Бинобар Конститутсия Ӯзбекистон давлати иҷтимоие мебошад, ки сиёсати инсонпарварона ва ба инсон мунҷаргардидаро пиёда месозад. Танҳо соли гузашта 16 триллион сӯм чун мадади иҷтимоӣ ва ёрдампулӣ ҷудо карда шудааст. Беш аз 51 ҳазор кӯдаки оилаҳои эҳтиёҷманд ба кудакистон ҷойгир карда шуда, 176 ҳазор нафар кумаки тиббӣ гирифтанд, 182 ҳазор нафар аз хидмати иҷтимоӣ баҳраманд гардиданд.

    Аз тариқи фонди «Меҳрубонӣ ва дастгирӣ» 94 ҳазор хонаводаи эҳтиёҷманд ба миқдори 130 миллиард сӯм барои табобат, озуқаворӣ, пӯшок ва хидмати коммуналӣ кумак гирифтанд.

    Аз тариқи «Дафтари занон» 3,5 миллион нафар занон ба миқдори 5,7 триллион сӯм кӯмак гирифтанд. Дар доираи «Дафтари ҷавонон» 1,3 миллион нафар ҷавонони эҳтиёҷманд аз мадади иҷтимоӣ ба миқдори 1,7 триллион сӯм баҳраманд гардиданд.

    Ба ғайр аз ин, бо ташаббуси зиёратгаронамон ба миқдори 6,3 миллиард сӯм ба оилаҳои камтаъмин, бесарпараст ва эҳтиёҷманд кумак расонда шуд.

    Ба вуҷуд овардани минтақаҳои сабз, ниҳолшинонӣ низ кори хайр аст. Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» барои ин хидмат менамояд. Дар баҳори ҷорӣ намояндагони руҳониён беш аз 10 ҳазор бех дарахт ва қариб 32 ҳазор гул шинонда, атрофи масҷид ва зиёратгоҳҳоро обод намуданд.

    Дар доираи Барномаи давлатии «Соли ҳимояи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» ташаббусҳои экологӣ васеъ мегарданд. Ба қарибӣ дар Шӯрои байнидинӣ, ки дар Хева баргузор гардид, намояндагони динҳо дар бораи иштироки фаъолона дар татбиқи барнома муроҷиат қабул намуданд.

    Дар ифтори ҷорӣ инчунин сафирони давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва конфессияҳои динӣ иштирок карданд, ки ин далели навбатии муҳити таҳаммул ва эҳтироми тарафайн дар мамлакатамон гардид.

    Дар суханронии худ Президент инчунин оид ба вазъияти ҷаҳон таваққуф намуда, дар бобати он ки бисёр муноқиша ва бесуботӣ маҳз дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд меояд, изҳори таассуф намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар шароити афзудани хатарҳо ягонагӣ ва ҳамбастагии уммати ислом бештар аз ҳама вақт муҳим аст.

    Эътибори алоҳида, бинобар суханони роҳбари давлат, ба ҳимояи ҷавонон аз ғояҳои бегона ва тарбияи онҳо дар рӯҳи дониш ва маърифат бояд дода шавад. Президент ҳикмати Баҳоудинни Нақшбанд: «Дил ба ёру даст ба кор»-ро хотиррасон намуда, таъкид кард, ки ҷавононро дар рӯҳи меҳнатдӯстӣ ва дархурди касбӣ тарбия намудан то чӣ андоза муҳим аст.

    Дар ин рӯзҳо зери шиори «Рамазон моҳи саховат, ягонагӣ ва шафқат» қариб дар 9,5 ҳазор маҳаллаи мамлакат барои оилаҳои камтаъмин ифтор ташкил карда шуда, ба онҳо кӯмак расонда мешавад. Чунин корҳои хайр ба баланд бардоштани қадри инсон ва мустаҳкам намудани ҳамбастагӣ байни шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

    – Тавре ки ниёи бузургамон Алишери Навоӣ фармудааст: «Аз нек – боғ». Маҳз ба туфайли хайр ва корҳои нек ҳаёт дар замин идома меёбад ва пурнур мегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Аз Қуръон сураҳо тиловат гардид ва ба даргоҳи Офаридгор ибодат карда шуд, то ки дар мамлакатамон, дар тамоми ҷаҳон ҳамеша сулҳ, шукуфоӣ ва некӣ ҳукмрон бошад.

    Дар чорабиниҳои ифтор, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат баргузор гардиданд, куҳансолон, зиёиён, намояндагони дин ва конфессияҳои гуногун, ногироён ва шаҳрвандони камтаъмин, ҳамагӣ қариб 60 ҳазор нафар иштирок намуданд.



    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech