Тибқи иттилои рӯзномаи «Шэньси жибао», ин аллакай панҷумин созишномаи шабеҳ барои шаҳри Шанло мебошад. Ҳадафи он рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг ва маориф аст.
Шанло дар доманакӯҳҳои ҷанубии қисми шарқии қаторкӯҳи Қинлин ҷойгир буда, бо вилоятҳои Ҳубей ва Ҳэнан ҳамсарҳад аст. Масоҳати он 19,3 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, шумораи аҳолиаш тақрибан 2,02 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳайати шаҳр як ноҳияи шаҳрӣ ва шаш уезд шомил мебошанд.
Мақомоти Шанло ният доранд робитаҳои байналмилалиро васеъ намуда, ҳамкориҳоро бо шарикони хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам намоянд.









