Фернанда Эррера қаҳрамони Осиё оид ба шамшерзанӣ шуд

    Варзиш 27 Fevral 2025 1445

    Рӯзи навбатии мусобиқаҳои чемпионати Осиё оид ба шамшерзанӣ дар Кувайт барои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом ёфт. Дар натиҷаи рақобатҳо дар миёни шамшербозон варзишгари мо Фернанда Эррера ҷойи аввалро соҳиб шуд.

    Фернанда тавонист ҳарифони худ аз Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Сингапур ва Чинро мағлуб намуда, медали тиллоро ба даст орад.

    Ҳамчунин, варзишгарони дигари мо Гулистон Пердибоева, Аякӯз Ҷумамуратова ва Самира Шокирова ба даҳгонаи беҳтарин ворид шуданд.

    Тибқи маълумоти хидмати матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ имрӯз мусобиқаҳои даставӣ баргузор мешаванд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates