Маросими истиқболи расмии Президенти Финландия баргузор гардид

    Сиёсат 31 Oktabr 2025 1599

    31 октябр дар қароргоҳи Кӯксарой маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Финландия Александр Стубб, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

    Дар майдони назди қароргоҳ парчамҳои ду давлат афрошта шуд, қаровули фахрӣ саф оростанд.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақомро самимона истиқбол гирифта, ӯро ба шоҳсуфа даъват кард.

    Сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Финландия садо доданд. Роҳбарон аз назди сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро ба ҳам шинос карданд.

    Баъди анҷоми маросими тантанавӣ ва акси дастаҷамъӣ музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои ду кишвар оғоз ёфт.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates