Ҳангоми брон кардани чиптаҳо, интиқолдиҳанда хоҳиш мекунад, ки бо қоидаҳои вуруд ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон  бодиққат шинос шаванд.

«Пас аз парвозҳои мунтазам аз Туркистон ба Тошканд, "FlyArystan" баҳори имсол пойтахти ҷануби Алмааторо бо Самарқанди қадимӣ мепайвандад. Таърихи чандинасраи шаҳри Роҳи абрешим ёдгориҳои нодири меъморӣ боқӣ гузоштааст, ки онҳо ба мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд, – гуфт Ренат Абулханов, директори тарҳрезии шабакаи масири "FlyArystan". – Парвозҳои бевосита ба Самарқанд ба қазоқистониён имкони кушодани хатсайри қулайи сайёҳатро ба Бухоро ва Хева фароҳам меорад.  Қаблан парвози "Алмаато - Самарқанд" аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Uzbekistan Airways" оғоз шуда буд.