Корхонаҳои Фориш ба кластер табдил ёфтанд

    Ҳукумат 8 Aprel 2024 1372

    Президент Шавкат Мирзиёев 8 апрел ба вилояти Ҷиззах омад. Нуқтаи аввали барномаи сафар кластери "Basalt Uzbekistan" дар ноҳияи Фориш буд.

    Фориш калонтарин ноҳияи вилоят аст. Аммо самараи истифодаи замин хеле паст буд. Чорво асосан дар талу теппаҳо ва чарогоҳҳо парвариш мешуд, ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надошт.

    Ҳафт сол пеш аз ин ба Фориш саноат омад – дар кони Олмоссой истихроҷи санги базалт оғоз ёфт ва истеҳсоли нахи базалт ба роҳ монда шуд. Дар асоси технологияи беназири инноватсионӣ истеҳсоли арматура ва тӯрҳо, ки барои саноати сохтмон зарур аст, оғоз ёфт.

    Моҳи январи соли 2019 Сарвари давлат аз корхона дидан карда, доир ба васеъ намудани фаъолият ва номгӯи маҳсулот супоришҳо дод.

    Мувофиқи ин талаботи бозор таҳлил ва конҳои ашёи хом омӯхта шуданд. Технологияҳои муосиртарин аз Олмон, Фаронса, Италия ва Чехия оварда шудаанд. Дар натиҷа дар майдони 300 гектар шаш лоиҳаи арзиши умумиашон 489 миллион доллар ташкил карда шуда, онҳо ба кластер табдил дода шуданд.

    Сарвари давлат намунаҳои ашёи хом ва маҳсулоти тайёрро аз назар гузаронд.

    Кластер дар як сол 177 ҳазор тонна санги базалтро коркард намуда, 42 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла нахи махсус, ровинг, чармкартон, арматура, геотӯрҳои композитӣ, қубурҳо, матоъ ва плитаҳои изолятсияи гармидиҳӣ истеҳсол мекунад. Аз чумла, соли гузашта ба маблағи 554 миллиард сӯм 45 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол карда шуд. 80 фоизи молҳои дар ҷаҳон серталаб ба ИМА, Британияи Кабир, Полша, Италия, Чехия, Гурҷистон, Русия, Туркия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон содир мешавад.

    Дар кластер 1,7 ҳазор кас кор мекунад.

    Чунон ки мутахассисон кайд мекунанд, масолеҳи бинокории аз базалт сохташуда занг намезанад. Онҳо сабук, вале хеле устувор буда, ба муҳити ишқордори омехтахои бетонӣ, маҳлулҳои намак ва кислота тобоваранд. Истифодаи масолеҳи базалтӣ барои деворҳо устуворӣ ва изолятсияи хуби гармиро таъмин мекунад. Бартарии дигари муҳим он аст, ки онҳо оташгир нестанд. Бо ҳамаи ин афзалиятҳо маҳсулот нисбатан арзон аст.

    Вариантҳои истифодаи масолеҳ дар хоҷагии коммуналӣ, автомобилсозӣ, бофандагӣ, нафту газ ва дигар соҳаҳои саноат пешниҳод карда шуданд.

    Сарвари давлат зарурати тавзеҳ додани афзалиятҳои масолеҳи базалтиро ба срҳибкорон ва рушди коператсияи онҳо қайд намуд. Дар бораи гирифтани сертификатҳои сифат дар кишварҳои нав, пешбурди боз ҳам фаъолтар дар бозори хориҷӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ширкатҳои сохтмонию саноатии байналмилалӣ супоришҳо дода шуд.

    Соли оянда яке аз корхонаҳои кластер – «Басфибер Трейд» ба нақша гирифтааст, ки барои истеҳсоли 25 ҳазор тонна нахи базалт ва матоъ дар як сол иқтидор фароҳам орад. То кунун ба маблағи 145 миллион доллар таҷҳизот ворид шудааст. Лоиҳаи нав дар баробари қонеъ гардондани эҳтиёҷоти дохилӣ имкон медиҳад, ки 90 фоизи маҳсулот ба хориҷа бароварда шавад.

    Дар назди шахсони масъул вазифаи дар ҳудуди кластер ҷойгир намудани лоиҳаҳои нав ба маблағи 500 миллион доллар оид ба истеҳсоли 20 намуди маҳсулот бо арзиши иловагии баланд гузошта шуд. Дар натиҷа боз 2 ҳазор ҷойи кор пайдо мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates