Ташаккули маҳорати роҳбарӣ дар занон – талаби замон аст

    26 майи соли равон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷамъият, баробарии гендерӣ ва оила якҷоя бо Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд, вазорату идораҳои манфиатдор таҳти мавзӯи “Асосҳои илмию амалии ташаккул ва рушди малакаҳои роҳбарӣ дар занон” конфронс баргузор намуд.

    Дар он кормандони масъули Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати рушди инноватсионӣ, Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд, узви “Клуби духтарони роҳбар”, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштиро карданд.

    Конфронс бо муроҷиати видеоии Раиси Сенат Т.Норбоева ба занони роҳбар оғоз шуд. Дар муроҷиатнома ба корҳое, ки дар кишварамон ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ, баланд бардоштани нақши занон дар тамоми равандҳои идоракунии давлат ва ҷомеа амалӣ карда мешаванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

    Баромадкунандагон дар чорабинӣ инчунин қайд карданд, ки дар кишварамон ҷиҳати дастгирии занон, ғояву ташаббусҳои онҳо ислоҳот амалӣ карда мешавад, аҳамияти таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар равандҳои сиёсӣ, нақш ва аҳамияти занони пешво дар ин равандҳо таъкид гардид.

    Таъкид гардид, ки ба мақсади таъмин ва дастгирии ҳуқуқ ва манфиатҳои занон 2 қонун, беш аз 40 ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ, Стратегияи ноил гардидан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030 қабул шудаанд.

    Иштирокдорони чорабинӣ инчунин таъкид намуданд, ки дар зинаи нави рушди Ӯзбекистон ба баланд бардоштани фаъолнокии ҷамъиятӣ, васеъ гардондани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон дар асоси мисолҳои дақиқ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

    Духтарон, ки дар чорабинӣ иштирок мекунанд, саволҳо дода, пешниҳодҳои худро баён карданд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки факултаи «Иқтисоди гендерӣ» ифтитоҳ карда шавад, ки бо таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа ба баланд бардоштани иқтисодиёт ба сатҳи нав мусоидат мекунад.

    Ҳамзамон, маросими ифтитоҳи толори «Клуби занони роҳбар», ки бо ташаббуси Раиси Сенат бо мақсади ба рӯи об баровардани қобилияти эҷодӣ, зеҳнӣ ва сарварии дахтарони донишҷӯи соҳибистеъдод ва тайёркунии кадрҳои оянда замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда, дар донишгоҳ кушода шудааст, баргузор гардид, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates