Фурқат Сидиқов бо Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Марокаш мулоқот кард

    23 ноябри соли 2022 дар ҳошияи нӯҳумин Форуми глобалии Иттиҳоди тамаддунҳои СММ дар Фес (Марокаш) Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Ф.Сидиков бо Вазири корҳои хориҷии Марокаш Н.Бурита мулоқот намуд.

    Н.Бурита ба ҷониби Ӯзбекистон барои иштирок дар Форуми глобалии Иттиҳоди тамаддунҳои СММ дар Фес (Марокаш) изҳори сипос намуд.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро баррасӣ карданд.

    Таъкид шуд, ки ҳаҷми муомилоти молӣ ба зарфиятҳои мавҷудаи ду кишвар мувофиқат намекунад.

    Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates