Фурқат Сидиқов бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод

    5 октябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Юсуф ал-Утайбӣ мулоқот кард.

    Дар рафти суҳбат ҳолат ва пешомади густариши муносибатҳои Ӯзбекистону Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва инсонпарварӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмони байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои ҳангоми сафари вазири оид ба корҳои Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ Тавфиқ бин Фавзон ар-Робия дар Ӯзбекистон ҳосилшударо баррасӣ намуданд.

    Дар мулоқот ҳамчунин доир ба баъзе масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates