Мисли ҳама кометаҳо, ки мо медонем, ин меҳмони осмонӣ аз хок ва ях ба вуҷуд омадааст. Ҳоло он аз Нептун дуртар, аз ситораи асосии системам мо тақрибан 4 миллиарду 830 миллион километр дуртар воқеъ аст. Дар чунин масофа телескопҳои ҳозира ҳатто онро дида наметавонанд.

Дар дафъаи навбатӣ кометаи Галлей дар моҳи июли соли 2061 аз назди Замин мегузарад ва давраи 76-солаи худро нигоҳ медорад.

Мушоҳидаҳои аввалини кометаи афсонавӣ ҳанӯз дар соли 240 пеш аз милод сабт шуда буданд. Дар он замонҳои дур одамон дар бораи табиати комета ва принсипҳои дар фазои кайҳон ҳаракат кардани он тасаввуроти хеле норавшан доштанд, бинобар ин онҳо онро бештар хабаргари воқеаҳои фоҷиавии рӯи Замин ҳисоб мекарданд.

Ва комета номи худро ба шарафи олими бритониёӣ Эдмон Ҳелли гирифт, ки дар ибтидои асри XVIII дарк кард, ки се объекти дорои орбитаҳои аҷибе, ки дар солҳои 1531, 1607 ва 1682 мушоҳида шуда буданд, якхелаанд. Астроном пешгӯӣ карда буд, ки дафъаи оянда думдор соли 1758 пайдо мешавад ва ӯ ҳақ баромад.