Аллакай соли ҷорӣ тамоми навъҳои мошинҳои инноватсионии Geely Avto дастраси муштариён мешаванд.
Дар байни онҳо чунин моделҳо, аз қабили Geely Coolray, Geely Monjaro, Geely Tugella, Geely Okavango, Geely Emgrand, а также электрические автомобили Geely Geomery C и Geely Geometry E мебошад.
Кроссовери барқии Geely пешрав хоҳад буд. Ин модел дорои хусусияти аъло: иқтидораш 204 қувваи асп буда, захираи барқ то 550 километр мерасад. Илова бар ин менюи системаи мултимедиавии модели Geometry C ба забонҳои русӣ ва англисӣ амалӣ карда мешавад.
«Имрӯз Asaka Motors International аввалин ширкатест, ки бо сабаби мавҷуд будани анбори қисмҳои эҳтиётии аслӣ ва кормандони ботаҷрибаи техникӣ дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон кафолати расмии заводӣ ва сатҳи баланди хидматрасонии электрикӣ пешниҳод менамояд. Мо итминон дорем, ки харидорон маҳсулоти нави Geely ва махсусан модели барқии Geometry C -ро харид хоҳанд кард. Ин модел тарҳи муосирро бо бартариҳои хеле рақобатпазир ва инчунин нархи ҷолиб муттаҳид мекунад» – гуфт директори тиҷоратии Asaka Motors International Сайидҷон Турсунов.
Барои маълумот: Geely Avto бренди ба таври динамикӣ инкишофёбандаи автомобилии чинӣ мебошад, ки ба ҳайати Geely Holding Group дохил мешавад, ки соли 1986 таъсис ёфтааст.
Geely Holding Group ягона ширкати хусусии чинӣ аст, ки тибқи нашрияи бонуфузи амрикоии Fortune Global 500 бо гардиши беш аз 23 миллиард доллар ба феҳристи бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон шомил шудааст.