Барои Одри Азуле, ки аз соли 2017 ин ҷониб роҳбарии ташкилотро бар дӯш дорад, ин сессия охирин сессияе хоҳад шуд, ки ҳамчун Директори генералии ЮНЕСКО ширкат мекунад.

Дар Самарқанд Директори нави генералии ЮНЕСКО расман ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ба ин вазифа Халид Ал-Ананийи 54сола аз Миср, ки чанде пеш дар интихоботи сессияи 222-юми Кумитаи иҷроияи ташкилот пирӯз шуда буд, тасдиқ карда мешавад.

Пеш аз сафараш, хонум Азуле таъкид намуд, ки баргузории форум дар шаҳри Самарқанд рамзи аҳамияти гуфтугӯ ва ваҳдат дар ҷаҳони муосир мебошад, ки дар он аксаран тафриқа ҳукмфармост. Ба гуфтаи ӯ, чунин мулоқотҳо хотиррасон мекунанд, ки ояндаи тамоми халқҳо ба ҳам вобаста аст, ва барои Ӯзбекистон ин рӯйдоди бузург имконияти олӣ фароҳам меорад, то дастовардҳои худро дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, яъне дар он бахшҳое, ки ба ваколати ЮНЕСКО дохил мешаванд, намоиш диҳад.

Корҳои иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО аз 30 октябр то 13 ноябр идома хоҳанд ёфт.