Дар бораи корҳо дар соҳаи геология маълумот дода шуд

    Президент Шавкат Мирзиёев 9 июл бо ҳисобот дар бораи корҳои ҷорӣ ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи геология шинос гардид.

    Шахсони масъул дар бораи иҷрои вазифаҳое, ки дар ибтидои сол гузошта шуда буд, ҳисобот доданд.

    Аз он ҷумла, дар 6 моҳи охир қариб 3 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид. Дар ҷамъияти саҳҳомии «Шарғункӯмир» маҷмӯъҳои механиконидашудаи зеризаминӣ пурра ба истифода супурда шуда, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба 3,5 ҳазор тонна расид.

    Дар нимсолаи дуюм истихроҷи боз беш аз 5 миллион тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст. Аз он 1,5 миллион тонна ба неругоҳҳои барқии гармӣ гузошта шуда, беш аз 1 миллион тонна ба аҳолӣ, 540 ҳазор тонна ба муассисаҳои иҷтимоӣ, 1,8 миллион тонна ангишти маҳаллӣ ба савдои биржа гузошта мешавад.

    Умуман интизор меравад, ки соли ҷорӣ истихроҷи ангишт 1,4 миллион тонна дар муқоиса бо соли гузашта меафзояд, ҳаҷми воридот ба таври назаррас коҳиш меёбад.

    Дар соҳа инчунин чандин лоиҳаи сармоягузорӣ ба амал татбиқ мегардад. Аз он ҷумла, барои азхуд намудани ҳавзаи Нишбош ширкати «Henan»-и Чин ба нақша гирифтааст, ки дар ҳаҷми 400 миллион доллар сармояи бевосита равон намояд. Дар натиҷаи ин лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки бо усули зеризаминӣ то 8 миллион тонна истихроҷ намуда, соле то 5 миллион тонна ангишт ғанӣ карда шавад.

    Дар мамлакатамон захираи зиёди каолин мавҷуд аст. Ҳоло ҳозир соҳибкоронамон, ки ба азхуд намудани ҳавзаҳо ҷалб гаштаанд, 396 ҳазор тонна чунин ашёи хомро ба даст меоранд.

    Аз ин рӯ, дар доираи Барномаи геология барои солҳои 2024-2025 ба ташаббускорон 7 ҳавза пешниҳод мегардад, ки ба туфайли он ҳаҷми истихроҷ то 2 миллиону 700 ҳазор тонна расонда мешавад.

    Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки якҷоя бо ширкати туркии «Bab energy ve petrol urunleri A.S.» дар пойгоҳи ҳавзаи Апартак-3 дар вилояти Тошканд каолини ғанӣ истеҳсол карда шавад. Дар натиҷа 40 ҷойи нави кор ба вуҷуд оварда шуда, соле 70 ҳазор тонна каолини ғанигардида таҳия мегардад.

    Дар ҷамъомади 29 апрели соли ҷорӣ роҳбари давлат ба масъалаи минералҳои барои саноат муҳим эътибори алоҳида нигаронда буд. Пас аз он дар ин самт ҷамъияти саҳҳомии махсуси «Комбинати филизоти технологии Ӯзбекистон» таъсис дода шуда буд. 34 лоиҳа ба ивази 40 миллион доллар таҳия гардида, ба тадқиқотҳои илмию технологӣ ва корҳои иктишофии геологӣ нигаронда шудаанд.

    Дар заминаи рушди ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ бо ҷалб намудани ширкатҳои пешсафи хориҷӣ ва коршиносони баландмалака ба ин соҳа чорабиниҳо андешида мешаванд. Аз он ҷумла, моҳи гузашта дар доираи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Куриё ба мамлакатамон бо Донишкадаи KIGAM дар бораи лоиҳаи грант ба миқдори 10 миллион доллар дар бобати ҷустуҷӯйи минералҳои нодир, баргузор намудани тадқиқотҳои технологӣ ва рақамисозӣ шартнома имзо гардида буд. Инчунин дар бораи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қимати умумии 800 миллион доллар маълумот дода шуд.

    Роҳбари давлат доир ба вусъат додани корҳои иктишофии геологӣ, истеҳсоли маҳсулот бо арзиши изофа аз ашёи хоми бадастомада супоришот дод.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates