Маросими истиқболи тантанавии Канслери Олмон баргузор шуд

    Дар шаҳри Самарқанд маросими истиқболи расмии Канслери Федералии Олмон Олаф Шолтс, ки бо сафари расмӣ ба мамлакатамон омадааст, баргузор шуд.

    Дар майдони назди Маркази конгресс қаровули фахрӣ саф орост. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақомро ба шоҳсуфа даъват кард.

    Оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии ду кишварро иҷро карданд. Роҳбарон аз назди қаровули фахрӣ гузашта, аъзоёни ҳайатҳои намояндагони расмиро табрик карданд.

    Пас аз аксбардории якҷоя, музокироти сатҳи олӣ оғоз шуд.