Дар мамлакатамон бобати афзунсозии иқтидори энергетикӣ аз тамоми манбаъҳо истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, гидроэнергетика дар таъмини ҳаррӯзаи неруи барқ дар минтақаҳо қулай ва самаранок мебошад. Онҳо метавонанд бидуни пайвастшавӣ ба шабакаҳои умумӣ ҳар як минтақа ва маҳалларо бо неруи барқ таъмин кунанд. Арзиши асосии неруи барқ низ нисбат ба дигар манбаъҳо хеле арзонтар аст. Бинобар ин, солҳои минбаъда ба ривоҷдиҳии ин соҳа эътибори калон дода мешавад.
Солҳои охир дар мамлакатамон аз ҳисоби 630 миллион доллар сармоя неругоҳҳои барқи обии нав бо иқтидори беш аз 400 мегаватт сохта шуда, иқтидори онҳо ба 2,2 гигаватт расонда шуд.
Дар вилояти Тошканд 25 неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 1330 мегаватт мавҷуд аст. Ин 60 фоизи иқтидори умумии гидроэнергетикии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Имрӯз боз 4 неругоҳи барқи обӣ бо арзиши 880 миллион доллар ва иқтидори 340 мегаватт бунёд мешавад. Инчунин, то соли 2028 дар вилоят 23 лоиҳа бо иқтидори умумии 2400 мегаватт ва ба маблағи 4 миллиарду 800 миллион доллар амалӣ мешавад.
Тавассути сохтмони неругоҳи хурди барқи обии “Угам-1”, ки 1,48 мегаватт иқтидор дорад, имкони истеҳсоли 11,8 миллион киловатт соат нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар як сол фароҳам гардид. Дар он гидроагрегатҳои самарбахши замонавӣ ва системаи автоматии идоракунӣ насб карда шуданд. Шоёни эътироф аст, ки дар ин пурра маҳсулоти мамлакатамон истифода шудааст. Ба ибораи дигар, онро метавон бренди миллӣ номид.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 5 ҳазор хонаводаи маҳаллаҳои Чорбоғ, Хумсон ва Угом, инчунин, марказҳои сайёҳӣ ва фароғатӣ бо неруи барқи бефосила таъмин хоҳанд шуд. Дар як сол қариб 4 миллион метри мукааб газ сарфа мешавад.
То ин дам дар дарёи Угом ду неругоҳи барқии обии хурд сохта шуд. Аз ҳар кадоми онҳо соле дусад миллиард сӯм даромад гирифта мешаванд. Тавассути истифодаи такрории ҷараёни об, имконпазирии то ба даҳ адад расонидани чунин неругоҳҳо таъкид гардид.
Бо ин на танҳо масъалаи энергетика ҳал мешавад, балки инфрасохтори минтақа низ беҳтар мегардад. Соҳибкорӣ, корхонаҳои кишоварзӣ пайдо мешаванд.
Ба Сарвари давлат дар бораи лоиҳаҳои дар минтақаҳо пешбинишуда маълумот дода шуд.
Бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва сектори хусусӣ ба соҳа то соли 2030 ба 6 ҳазор мегаватт расонидани иқтидори умумӣ муқаррар гардидааст. Барои ин шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар қаламрави мамлакатамон имконияти сохтани то ду ҳазор неругоҳҳои барқии обии микро ва хурд мавҷуд аст.