Тавре иттилоъ дода мешавад, аллакай чанд рӯз аст, ки ин массаи азими ях ба самти Инаарсуит ҳаракат мекунад. Дар натиҷа, мақомот ба сокинон огоҳӣ додаанд ва корхонаи моҳипарварӣ ва мағозаи маҳаллӣ муваққатан баста шуданд.
«Агар ин яхсори даҳшатнок ба соҳил расад ё бишканад, метавонад ба харобӣ ва ҷароҳатҳо оварда расонад. Гарчанде эҳтимолаш кам аст, ки пораҳои ҷудошудаи ях мустақиман ба хушкӣ афтанд, аммо суқути онҳо метавонад мавҷҳои азим ба вуҷуд оварад, ки метавонанд соҳилро фаро гиранд. Ин мавҷҳо қодир ба хароб кардани биноҳо ҳастанд ва дар бадтарин ҳолат — иншооти поёнҷойгир ё аллакай сустшударо пурра шуста баранд», — изҳор намуданд масъулони ҷазира.
Ҳамчунин, намояндагони мақомот мардумро даъват карданд, ки ҳангоми ҳаракат бо қаиқ ба ҷазира ва баргашт аз он ба айсберг наздик нашаванд ва ҳатто ҳангоми корҳои оддии ҳаррӯза дар хушкӣ эҳтиёткор бошанд, хабар медиҳад Tengrinews.kz.









