Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Испания дар шаҳри Лодзи мулоқот анҷом доданд

    1 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодзи Полша музокироти байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов ва Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳакмории Шоҳигарии Испания Хосе Мануэл Албарес Буэно баргузор гардид.

    Сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Испания вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Испанияро баррасӣ карданд.

    Тавре зикр гардид, Ӯзбекистон Испанияро шарики боэътимод ва умедбахш дар Аврупо медонад ва аз нақшаҳои Мадрид оиди ифтитоҳи сафоратхона дар Тошканд дар ояндаи наздик истиқбол мекунад.

    Ҷонибҳо натиҷаҳои самарабахши ҳафтумин даври машваратҳои сиёсии Ӯзбекистону Испанияро, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуданд, таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи муколама дар ин формат изҳор доштанд.

    Оид ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои равобити сиёсати иқтисодии хориҷӣ, густариш додани робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкории ду кишвар, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ояндадор, ташкили сафари ширкатҳои бонуфузи Испания ба Ӯзбекистон ҷиҳати омӯхтани имкониятҳои бозори кишварамон пешниҳодҳои дақиқ баррасӣ шуданд.

    Вазирон оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф табодули афкор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates