Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Қатар музокироти дуҷониба анҷом доданд

    Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 9 июни соли 2021  бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдулраҳмон бин Жасем Ал Тани, ки ба Тошканд омадааст, мулоқот анҷом дод.

    Ин нахустин сафари расмии раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қатар ба Ӯзбекистон мебошад.

    Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Қатар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамкории ҷонибҳо дар доираи сохторҳои байналмилалӣ муҳокима шуданд.

    Ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии вохӯриҳои расмии дарпешистода дар сатҳҳои гуногун баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи саъю кӯшиши муштарак оиди пеш бурдани раванди сулҳ дар Афғонистон, барқарор кардани инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии он тасдиқ карданд, хабар медиҳад, хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    Таваҷҷуҳи махсус ба иштироки ҷониби Қатар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Даъватҳо ва имкониятҳо”, ки рӯзҳои 15-16 июли соли 2021 дар Тошканд баргузор мешавад, нигаронда шуд.

    Бинобар ҷамъбасти гуфтушунидҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Давлати Қатар Созишнома "Дар бораи нақлиёти ҳавоӣ", ки ифтитоҳи парвози мустақимро дар масири "Доха - Тошканд - Доха" пешбинӣ мекунад, ба имзо расид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates