Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Туркия таҳкими равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд

    12 сентябри соли 2024 дар Тошканд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳокан Фидан мулоқот анҷом дод.

    Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳам Ўзбекистон ва ҳам Туркия ислоҳоти хеле муҳимро ба амал мебароранд, ки мақсад аз он фароҳам овардани шароити беҳтарин барои халқҳои худ аст.

    Зикр гардид, ки шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар бидуни истисно дар ҳама самтҳо пайваста таҳким меёбад.

    Ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои амалии ғанисозии минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, дипломатияи ҷамъиятӣ, табодули академикӣ, масъалаҳои байналмилалӣ ва бисёр мавзӯъҳои дигар дар рӯзномаи мулоқот қарор доштанд.

    Таъкид гардид, ки вазоратҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ва Туркия дар татбиқи маҷмӯи устувори созишномаҳои байни ду кишвар қувваҳои пешбаранда хоҳанд буд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates