Нусхаи эътимодномаро қабул намуда, вазир сафирро ба муносибати ба кор шурӯъ карданаш табрик гуфта, ба ӯ дар вазифаи масъулиятнок муваффақият таманно намуд.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҷониби Қатарро бо баргузории бомуваффақияти Ҷоми ҷаҳонии футбол табрик гуфт.

Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Қатар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон ва Қатар барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба имконоти назаррас доранд.

Ҷонибҳо ба фаъол шудани муколамаи сиёсии дуҷониба ишора намуда, ҷонибдори афзоиши қобили мулоҳизаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ибрози назар карданд.

Пешниҳодҳо оид ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.

Оид ба ҷадвали чорабиниҳои муштараки дарпешистода дар сатҳҳои гуногун табодули афкор сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ дода шуд.

Дар бораи идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Зимни мулоқот ҳамчунин баъзе масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.